Дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои СҲШ дар Самарқанд масъалаи узвияти Беларус баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Беларус барои узвият ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дархост дод. Дархости мазкур аллакай ба кишварҳои узв ирсол гардида, мумкин аст, дар ҷаласаи имсолаи сарони давлатҳо дар Самарқанд расмиёти шомилшавии Беларус ба узвияти СҲШ оғоз шавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 11 июл иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Владимир Норов изҳор дошт.
«Айни замон Беларус дархост дод (дар бораи узвият – тавзеҳи АМИТ «Ховар»). Имрӯз дархости Беларус ба кишварҳои узв ирсол гардид. Агар қарори умумӣ қабул гардад ва фикр мекунам, ки ҳамин тавр ҳам мешавад, дар ҷаласаи сарони давлатҳо дар Самарқанд (СҲШ) қарор дар бораи оғози расмиёти шомил гардидани Беларус ба СҲШ қабул мегардад», — гуфт В. Норов дар мизи мудаввар дар Москва.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 21-уми сарони давлатҳои СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад, ки дар он Эрон ҳамчун кишвари нозир акнун ба узвияти ин Созмон пазируфта мешавад: намояндагони он меморандумро дар бораи уҳадориҳо ба ҳайси узви ин созмон имзо мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи 20-уми сарони давлатҳои СҲШ 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки дар он тартиби пазируфтани Эрон ба ин Созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз ёфта буд.
Созмони ҳамкории Шанхай (англ. Shanghai Cooperation Organisation) — созмони байналмилалиест, ки 15 июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон узви ин Созмон буда, кишварҳои нозир дар он Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон ва кишварҳои шарик — Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.








Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд






