Дар Қазоқистон дар як шабонарӯз 1477 нафар гирифтори бемории короновирус шуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1477 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз АБИ «Казинформ» бо истинод ба Telegram-канали Комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
Бештари ҳолатҳои сироятёбӣ дар як рӯз дар Нур-Султон (493 ҳолат) ва Алмаато (573 ҳолат) ошкор шудаанд.
То имрӯз табобат аз бемории коронавирусро 8733 нафар идома медиҳанд. Аз ин шумора 680 нафар дар беморхонаҳо ва 8053 нафарашон дар сатҳи амбулаторӣ қарор доранд. Аз ҳолатҳои КВИ+ ва КВИ- инҳоянд: 15 бемор дар ҳолати вазнин, 3 бемор дар ҳолати шадид, 1 бемор зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор доранд. Зиёда аз 8 000 нафар қазоқистониҳо аз коронавирус дар хона табобат мегиранд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози эпидемия дар кишвар 1 318 044 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 тасдиқ шудааст. Тибқи маълумоти охирини маркази баҳодиҳии вазъи эпидемиологӣ, то 18 июл тамоми минтақаҳои Қазоқистон аз лиҳози паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақаи «сабз» қарор доранд. Наздиктарин макон ба минтақаи «зард» пойтахт – шаҳри Нур-Султон мебошад.
Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 18 июли соли 2022 дар ҷаҳон 567 824 848 нафар сироят шуда, 538 920 528 нафар шифо ёфтаанд ва 6 387 753 нафар фавтида, 22 516 567 нафар бемор мебошанд.
АКС: АБИ «Казинформ»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






