ДАР ҚАЗОҚИСТОН ШУМОРАИ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ЯКБОРА ЗИЁД ШУД. Маълумот оид ба вазъи сирояти COVID-19 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Июль 13, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 820 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора имрӯз, 13 июл АБИ «Казинформ» бо истинод ба Комиссияи байнидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 хабар дод.

Дар Қазоқистон ҳамагӣ 1 311 190 ҳолат тасдиқ гардидааст. Дирӯз иттилоъ расид, ки дар як шабонарӯз дар кишвар 482 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 343 нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд.

Тавре Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод, ба ҳолати 12 июл, дар кишвар шумораи умумии гирифторони COVID-19 аз оғози пандемия ба 241 814 нафар расида, дар як шабонарӯзи охир 76 ҳолати нав сабт гардидааст.

Аксари гирифторон дар вилоятҳои Тошканд (19), Самарқанд (8) ва Сурхондарё (7) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар як шабонарӯз 67 нафар гирифторони коронавирус (238 756 нафар аз оғози пандемия) шифо ёфтаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Узбекистон, то имрӯз дар кишвар 60 264 895 воя ваксина истифода шудааст, ки аз ин миқдор 20 685 580 нафар вояи якум, 17 053 235 нафар вояи дуюм,  9 964 107 нафар ҷузъи сеюм (ваксинаи чинӣ-узбекии ZF-UZ-VAC2001 дар се вояи ворид карда мешавад) ва 12 551 973 нафар аҳолии Узбекистон вояи бустериро гирифтаанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Узбекистон аҳолӣ ба шаш ваксина, аз ҷумла «AstraZeneca», «ZF-UZ-VAC2001», «Sputnik V», «Moderna», «Pfizer» ва «Sinovac» дастрасӣ доранд. 3 августи соли 2021 дар ин кишвар қонун қабул карда шуд, ки заминаи ҳуқуқии эмкунии ҳатмии аҳолии қобили меҳнатро муқаррар мекунад.

Дар Қирғизистон, бино ба иттилои Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар давоми як шабонарӯз 39 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, аз миёни ҳолатҳои ошкоршуда 27 нафар бо сабаби пайдо шудани аломатҳо муроҷиат кардаанд, 2 нафар аз хориҷа ворид гардидаанд (аз ИМА ва Қазоқистон омадаанд) ва 10 нафар ҳангоми санҷиши ПТР дар робита ба парвоз муайян карда шудаанд.

Ба ҳолати 13 июли соли 2022, тибқи матритсаи арзёбии хатар, ҳама вилоятҳои Қирғизистон дар минтақаи сабз қарор доранд. Аммо шумораи самараноки репродуктивӣ дар ҳафтаи охир зиёда аз 1 аст, ки аз оғози афзоиши беморӣ шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар кишвар 201 282 ҳолати гирифторӣ ба қайд гирифта шуда, беморӣ ба 100 000 нафар аҳолӣ 3039,8 ҳолат ва 1,5 фоиз сатҳи фавтро ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳу 12 рӯзи соли 2022 ҳамагӣ 16 534 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 14 540 (87,9%) аз ҷиҳати лабораторӣ ва 1994 (12,1%) аз лиҳози клиникӣ ва эпидемиологӣ тасдиқ гардидаанд.

Дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир ягон ҳолати сироятёбӣ ошкор нашудааст. Ба ҳолати 13 июл, дар маҷмӯъ 17 388 ҳолати беморӣ (+0), 124 фавт аз коронавирус (+0) ва 17 264 нафар шифоёфта (+0) ба қайд гирифта шудаанд.

5 263 527 нафар (94,0%) вояи аввал, 5 158 348 нафар (92,2%) вояи дуюм ва 4 104 007 нафар (73,3%) stop-sleepiness-meds.com ваксинаро аҳолии Тоҷикистон гирифтаанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

 АКС: © REUTERS / Soe Zeya Tun

Июль 13, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»