Дар Димишқ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия баррасӣ шуд

Июль 22, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар Димишқ муовини  Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дар Димишқ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ  30 апрели соли 2019 84 нафар кӯдакон italia-meds.com ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.


15 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия корҳо идома доранд.

«Вазорат дар ин самт ба Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия мебошад, ваколат дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич дорад», — гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

АКС: ВКХ ҶТ/ АМИТ «Ховар»

 

Июль 22, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд
Тоҷикистон бо Маркази фарҳангии Осиёи Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея ҳамкориро тақвият мебахшад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 50-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон омодагӣ ба Конфронси 29-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд
Дар Москва масъалаи фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон ба муовини Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб нусхаи эътимоднома супорид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон мубодилаи таҷрибаро дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Ҷопон лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуданд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо масъулини шаҳри Женева мулоқот анҷом дод
Ҷонибек Ҳикмат ба Деннис Фрэнсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос намуд
Дар Ню-Йорк муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба энергияи устувор баргузор шуд
Дар Давҳа роҳҳои ҷалби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд