Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон шуъбаи «ҳаҷвнигорӣ» таъсис дода мешавад

Июль 15, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 15.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик шуъбаи «ҳаҷвнигорӣ»-ро таъсис диҳад. Ин матлабро Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

«Солҳои охир санъати ҳаҷви тоҷик ба қавле «кӯчагӣ» шудааст. Зеро бо пайдо гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои санъати ҳаҷв чандин гурӯҳҳои хурди ғайрикасбӣ низ ворид гардидаанд. Ин гурӯҳҳо ҷойи санъати касбиро ба саҳнаҳои бемаънию бемантиқ пур намудаанд. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки дар оянда шуъбаи алоҳида вобаста ба ин намуди санъат таъсис дода, беҳтарин устодону донандагони ин риштаро ба кор ҷалб намоем, то фазои санъати ҳаҷвро дубора пурқувват намоем», — гуфт Ректори Донишкада.

Гуфта шуд, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дорои ду факултет дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи кино ва театр мебошад: факултаи санъати театрӣ ва факултаи режиссура, кино ва телевизион.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки донишкада имрӯз бо 42 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон ва Словакия созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин санадҳо равобити илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкорӣ  дар донишкада аз ҷониби устодони санъату ҳунар ва санъатшиносони машҳури ин давлатҳо ба донишҷӯён дарсҳои маҳорат (мастер-классҳо) баргузор карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад