Дар Душанбе «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» муаррифӣ шуд

Июль 1, 2022 09:59

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо амали гардидани «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» давомот ва азхудкунии дарсҳо аз тарафи мактаббачагон беҳтар гардида, бемориҳои музмини узвҳои ҳозима (меъдаю рӯда) пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин баҳри пешгирӣ намудани норасоии ғизоӣ қадпастӣ ва камвазнӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин матлаб 30 июн зимни муаррифии барномаи мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баён гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ карда шудааст.

Иштирокддорон зимни муаррифии барнома зикр намуданд, ки «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027» мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи иҷрои банди 25 – и нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ва бандҳои 29 – 30 «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ шудааст, аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажуҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Русия) таҳия гардидааст.

Барнома дар заминаи таҳлили умумии вазъи кунунии ғизои мактабӣ таҳия шуда, мақсадҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми ғизои мактабӣ, марҳилаҳои асосии амалигардонӣ, натиҷаҳо ва индикаторҳои банақшагирифташуда, инчунин тартиби ташкили мониторинг ва баҳодиҳии комёбиҳои натиҷаҳои ба нақша гирифташударо муайян месозад.

Гуфта шуд, ки барнома васеъшавии пайдарҳами иҳота намудани низоми ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таълимиро вобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳида пешбинӣ менамояд. Муқаррароти барнома ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, рушди иҷтимоӣ, тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ба назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Вайроншавии низоми ғизо, ки ба омилҳои истеъмоли ғизо ва бемориҳои вобаста ба хӯрок алоқаманд мебошад, барои тандурустии ҷамъиятӣ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 1, 2022 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд