Дар Ҳиндустон интихоботи президентӣ оғоз гардид

Июль 19, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳиндустон интихоботи президентӣ оғоз шуд. Барои курсии сарвари давлат ду номзад — Драупади Мурму аз Иттиҳоди  миллии демократӣ ва Яшвант Синҳа аз ҳизби «Тринамули умумиҳиндустонӣ» мубориза мебаранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Зикр мешавад, ки ба ҳайат вакилони ду палатаи парлумони мамлакат: палатаҳои поёнӣ ва болоӣ, инчунин намояндагони парлумонҳои минтақавии 28 иёлат ва ду ҳудуди иттифоқӣ дохиланд. Ҳамагӣ 4,8 ҳазор нафар.

Ҳисоби ниҳоии овозҳо 21 июл дар пойтахт, ки ҳама баргаҳои раъйдиҳӣ ба онҷо оварда мешаванд, баргузор мешавад. Ҳисобкунӣ раванди хеле мураккаб аст, зеро овози ҳар интихобкунанда вобаста ба шумораи аҳолии иёлате, ки онро намояндагӣ мекунад, «арзиш»-и гуногун дорад.

Гуфта мешавад, ки муҳлати ваколати президенти кунунӣ Рам Натҳ Ковинд 24 июл ба поён мерасад ва бар асоси Конститутсия президенти нав бояд то санаи муайяншуда аллакай интихоб гардида, 25 июл савганд ёд кунад.

АКС: Unsplash

Июль 19, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид