Дар Кувайт сарвазири нав таъйин намуданд

Июль 26, 2022 11:22

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шайх Аҳмад ал-Навоф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ сарвазири нави Кувайт таъйин шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Al-Jаrida».

Рӯзи якшанбе писари амири Кувайт Аҳмад ал-Навоф бо фармони дафтари амир Раиси ҳукумати Кувайт таъйин шуд ва ба ин васила муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Шайх Сабоҳ ал-Холидро иваз кард.

«Девони (дафтар – тавз. АМИТ «Ховар») Аълоҳазрат амир Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ эълом дошт, ки рӯзи якшанбе фармони амир дар бораи таъйини генерали мустаъфӣ Шайх Аҳмад ал-Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳамчун сарвазири нави Кувайт содир гардид», — гуфта мешавад дар изҳороти дафтари амири Кувайт.

Аҳмад ал-Навоф то таъйин шуданаш муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои дохилӣ буд.

Ба сарвазири навтаъйин супориш дода шуд, ки девони нави вазиронро ташкил кунад. Раиси Маҷлиси миллии Кувайт Марзук ал-Ғоним сарвазири навтаъйинро барои «сазовор шудан ба боварии Аълоҳазрат амир» табрик гуфт.

Сарвазири собиқ Сабоҳ ал-Холид қаблан бо баҳсҳои парлумони маҳаллӣ — Маҷлиси миллии Кувайт рӯбарӯ шуда буд.

Бино ба иттилои «Asharq Al-Awsat», дар пасманзари ихтилофи байни ҳукумат ва парлумон, ӯ аз замони таъсиси ҳукумати нахустинаш дар моҳи ноябри соли 2019 чор маротиба истеъфо дод.

Фармони таъйинотро валиаҳди Кувайт Шайх Мишал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ содир кардааст, ки охири соли гузашта аксари вазифаҳои амири ҳокимро ба уҳда гирифт.

Як моҳ пеш валиаҳд эълом карда буд, ки парлумонро пароканда мекунад ва дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат фармон содир менамояд. Бино ба гузориши «Reuters», аз ин иқдом вакилони мухолиф истиқбол карданд.

Аҳмад Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ соли 1956 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар милитсия оғоз карда, баъдан дар Вазорати корҳои дохилӣ ба кор даромадааст. Баъди ба қудрат расидани падараш амир Шайх Навоф ал-Аҳмад соли 2020 муовини роҳбари Горди миллӣ шуд. Моҳи марти соли ҷорӣ ӯ вазири корҳои дохилӣ ва муовини сарвазир таъйин гардид.

АКС: kuwaittimes.com

Июль 26, 2022 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид