Дар Панҷакент давоми як моҳ «Корвони саломатӣ» ба 2 ҳазор бемор хизмат расонд

Июль 5, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми як моҳ «Корвони саломатӣ» дар шаҳри Панҷакент фаолият дошт, ки аз ҷониби табибон зиёда аз 2 ҳазор бемор қабул гардида, ба беш аз 4 ҳазор муроҷиаткунанда машваратҳои тиббӣ дода шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки дар ин маърака тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон буда, он то охири тобистони соли равон фаъолият хоҳад кард.

«Корвони саломатӣ»-и мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Норвегиягӣ ва фонди хайриявии «Шоҳ Абдулло» ташкил шудааст.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо шароити «Корвони саломатӣ» шинос шуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  омодааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи саломатии мазкур кӯмаки хешро расонад.


Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маъракаи саломатӣ 6 духтури ботаҷриба ба маризон бо истифода аз техникаву техналогияи замонавии тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин дар «Корвони саломатӣ» имкони анҷоми ҷарроҳии хурд низ вуҷуд дошта, ба касоне, ки ниёз доранд, пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат ҳаракати тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» роҳандозӣ гардидааст, ки дар доираи  он сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба хизматрасониҳои тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 5, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»