Дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон, дар Рӯзи дониш дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудаанд, ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» оид ба муҳлати баистифодадиҳии ин муассисаҳо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Мавсуф гуфт, ки «сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта шудааанд, ки тибқи шартнома онҳо бояд то 1 август барои қабули хонандагон бояд пурра омода шаванд.
«Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои чортои ин муассисаҳо директорон интихоб гардида, барои такмили ихтисос ба Федератсияи Русия фиристода шуданд»,- гуфт Раҳим Саидзода.
Ба зикри Вазири маориф ва илм, қабули ҳуҷҷатҳо барои синфҳои 1-8 дар ин муассисаҳо аз 1 август шурӯъ гардида, дарсҳо якуми сентябр оғоз мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар бораи бунёди муассисаҳои таълимоташон ба забони русӣ дар Тоҷикистон баъди музокироти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ФР Владимир Путин дар ҷараёни сафари расмии Савари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар 17 апрели соли 2019 мувофиқа ҳосил шуда буд.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар мамлакат 48 мактаби русӣ бо фарогирии 27 ҳазору 63 нафар хонанда ба таълим равона шудаанд. Ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






