Дар Роштқалъа сохтмони бинои нави Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли 2023 бинои Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар робита ба ин, Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба ноҳияи Роштқалъа омада, бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои Агентии мазкур аз наздик шинос гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки то имрӯз кормандони ин ниҳод дар биноҳое, ки солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуданд, фаъолият карда истодаанд ва соли оянда аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати созандаи Пешвои миллат кормандони ин соҳа дар ноҳияи Роштқалъа соҳиби бинои нав мегарданд.
Дар рафти шиносоӣ Ширин Амонзода ва Алишер Мирзонабот ба масъулин барои босифат ва саривақт анҷом додани сохтмон ва мавриди истифода қарор додани бинои агентӣ дар ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз тамоми вазорату корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ВМКБ сафарбар гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






