Дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфилҳои доимоамалкунандаи адабӣ роҳандозӣ гардиданд

Июль 17, 2022 09:06

СУҒД, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Мо ворисони Аллома Бобоҷон Ғафуров» дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар хафта як маротиба баргузор гардида, дар онҳо хонандагонро ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» омода менамоянд. Аъзоёни маҳфил бо Низомномаи озмун шинос гардида, дар асоси саволномаи таҳияшуда, донишу малакаи худро афзун менамоянд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» корманди шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов иттилоъ дод.

Ин иқдоми тоза дар шинохти ҳуввияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли 2022 бобати баргузории озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардида, дар назди Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров №4, Ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили доимоамалкунандаи «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода шуд.

Айни ҳол ба фаъолияти маҳфилҳо беш аз 40 нафар хонандагон ҷалб карда шуда, дар оянда роҳандозии онҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Илова гардид, ки хоҳишмандон метавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намуда, дар кори маҳфил ширкат варзанд.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Июль 17, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд