ДАР ТОҶИКИСТОН МОҲИ ИЮЛ ЧӢ ТАҒЙИР МЕЁБАД? Музди маош, нафақа ва стипендия зиёд шуда, имтиҳонҳои дохилшавӣ оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли 2022 дар Тоҷикистон баъзе тағйирот мешаванд. Аз ҷумла, шаҳрвандони кишвар интизори тадбирҳои нави дастгирӣ, зиёдшавии музди маош, нафақаву стипендияҳо ҳастанд ва барои сокинони даҳҳо кишвар низоми бидуни раводид ҷорӣ мегардад. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» бори дигар аз ин ва дигар тағйироти муҳим ёдовар мешаванд.
Музди маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад
Аз 1 июли соли 2022 дар Тоҷикистон музди маош, нафақа ва стипендия 20 фоиз боло бурда мешавад. Аз ҷумла, маоши ҳамаи кормандони идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоти буҷетии Тоҷикистон, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин нафақа барои кӯдакони ятим 25 фоиз зиёд мегардад.
Музди маоши ҳадди ақал аз 1 июли соли 2022 50 фоиз афзоиш ёфта, ба 600 сомонӣ расонида мешавад. То имрӯз музди маоши ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медод.
Бояд тазаккур дод, ки аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон музди маоши низомиён 25 фоиз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 фоиз боло бурда шуд.
Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз мегарданд
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми В (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асомӣ) оғоз мешавад.
Марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар 18 шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи кишвар (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритӯс ва Ҳисор) ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1269 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода гардидаанд.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошанд: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад.
Инчунин бо худ овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои ин ҳар як маркази имтиҳониро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардааст.
Ҳангоми гузаронидани имтиҳонҳо риоя накардани қоидаҳо ва талаботи муқаррарнамудаи ИМД асос барои хориҷ кардани довталаб дониста мешавад. Комиссияи апеллятсионӣ аризаи аризадиҳандаро оид ба масъалаҳои риоя накардани тартиб, қоидањо ва талаботи муқаррарнамудаи ИМД баррасӣ намекунад. Дар робита ба ин, Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.
Сокини 10-миллионаи мамлакат таваллуд мешавад
Охирҳои моҳи июл таваллуди сокини 10-миллионаи Тоҷикистон дар назар аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи таваллуди аҳолӣ ҳоло ҳам дар фазои пасошӯравӣ дар ҷои аввал аст, вале дар давоми чанд соли охир афзоиши аҳолӣ аз 2,5 фоиз то 2 фоиз коҳиш ёфт.
Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, ба ҳолати 1 октябри соли 2020 шумораи аҳолии кишвар 9 миллиону 661 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 4 миллиону 901 ҳазор нафар мардон ва 4 миллиону 760 ҳазор нафар занон мебошанд. Зиёда аз 2 миллиону 528 ҳазор нафар ё худ 26,2 фоизи аҳолиро сокинони шаҳр ва 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизи аҳолиро сокинони деҳот ташкил медиҳанд.
Тавре дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 9 миллиону 934 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрванди 9-миллионаи Тоҷикистон 26 майи соли 2018 дар пойтахт ба дунё омад. Ба духтарча Насиба ном гузоштанд. Роҳбарияти шаҳри Душанбе ба духтарча ва падару модари хушбахти ӯ хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кард.
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи таваллуд дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ пешсаф аст. Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи аҳолӣ бояд беш аз 11 миллион нафар гардад. Тибқи омори расмӣ, аҳолии Тоҷикистон ҳамасола 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз