Дар вазорату идора ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани низоми коргузории электронӣ дар хизмати давлатӣ, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи системаҳои коркарди электронии маълумот оид ба теъдод ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва шахсони масъули 15 вазорату идора машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Зимни машварати омӯзишӣ муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода ҳадафи ташкили марҳилавии машварати омӯзиширо вобаста ба пурра ба роҳ мондани Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавзеҳ дод.
Зикр шуд, ки масъалаи таҳкими неруи институтсионалии мамлакат, яъне такмили низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва таъмини рушди хизмати давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ гардида, дар ин замина низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ автоматикунонида шуда, Феҳристи хизматчиёни давлатӣ дар Шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пурра амал мекунад.
«Ҳадафи такмили низоми идоракунии давлатӣ- ин амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии бомуваффақияти кишвар мебошад, зеро дар шароити муосир ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асоси шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад»,- афзуд Дилноза Аҳмадзода.
Бояд гуфт, ки ин даври панҷуми машварати омӯзишӣ буда, дар ин давра ҷиҳати омӯзиши Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ шахсони масъули 36 мақомоти давлатӣ аз ҳисоби масъулини хадамоти кадрӣ ва шуъбаву бахшҳои муҳосиботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он ҷалб карда шуданд.
Тибқи нақша, дар системаи мазкур маълумоти беш аз 21685 воҳиди корӣ ва 18576 хизматчии давлатӣ ворид карда мешавад. Айни замон маълумоти зиёда аз 5586 хизматчии давлатӣ ба система ворид карда шуда, воридсозии маълумоти 12990 идома дорад. Кор дар ин самт идома дошта, масъалаи мазкур таҳти назорати масъулини Агентии хизмати давлатӣ қарор дорад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






