Дар Восеъ бахшида ба Рӯзи маъюбон ба кўдакони имконияти маҳдуддошта кумакҳои яквақта расонида мешаванд
ВОСЕЪ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба 41 нафар кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи Маркази тавонбахшии «Ситора» ва ба чанд оилаи маъюб туҳфаҳо ва кӯмаки яквақтаина расонида шуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта туҳфаҳо тақдим намуда ба кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Баракати Хоҷамуъмин» баҳри нигоҳубин ва табобати ин қишри ҷомеъа изҳори минатдорӣ намуд.
Роҳбарияти ноҳия дар ин рӯз ба хонаҳои чанд нафар аз маъюбон рафта, ба онҳо кӯмаки яквақта, аз ҷумла орду биринҷ, шакару равған ва дигар маводи хӯрока дастрас намуд. Онҳо барои ин ғамхориҳо минатдории хешро ба роҳбарияти олии кишвар баён карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо супориши раиси ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳрак ба ҳамаи маъюбон кӯмакҳои яквақта расонида мешавад.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Восеъ Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ» фаъолият мекунад, ки дар он 220 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шудаанд. Бахшида ба рӯзи маъюбон кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии муассисаро ба ӯҳда дорад ба ин беморхона орду равған, шакару биринҷ, гушт, маводи шустушуӣ, антисептики ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дастрас карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






