ДРАУПАДИ МУРМУ ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ҲИНДУСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД. Вай 18 июл дар интихоботи президентӣ бештари овозҳоро ба даст овард

Июль 22, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15-умин Президенти нави Ҳиндустон дирӯз, 21 июл номзади Эътилофи миллии демократӣ таҳти сарварии ҳизби ҳокими «Бхаратия ҷаната парти» (БҶП, Ҳизби халқии Ҳиндустон) Драупади Мурму (ДАР АКС) эълон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

18 июл дар Ҳиндустон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Тибқи маълумоти охирине, ки ба рӯзноманигорон дар парлумон пешниҳод шудааст, шумораи умумии овозҳои ҳисобшуда 3 219 бо арзиши умумии 838 839-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор Мурму ба гирифтани 2161 овоз бо арзиши 577 777 мушарраф шудааст. Рақибаш Яшвант Синҳа 1058 овоз бо арзиши 261 062 ба даст овардааст. Мувофиқи тартиби ҳисобкунии овозҳо дар мамлакат овози ҳар интихобкунанда вобаста ба шумораи аҳолии иёлате, ки вай намояндагӣ мекунад, «арзиш»-и гуногун дорад: аз 208 дар Уттар-Прадеш (иёлоти сернуфус) то ҳафт овоз дар Сиккими камнуфус.

Мурму дуюмин зан-президенти ҷумҳурӣ (нахуст Пратибха Патил, солҳои 2007-2012 ) ва аввалин сарвари давлат аз қабилаҳои ба истилоҳ номнависшуда мегардад. Илова бар ин, вай аввалин президенти Ҳиндустон хоҳад буд, ки дар «кишвари озод», яъне баъди ба даст овардани истиқлолият аз британиявиҳо дар соли 1947 таваллуд шудааст.

Президенти интихобшуда 25 июл савганд ёд мекунад. Муҳлати президенти феълӣ Рам Натх Ковинд 24 июл ба охир мерасад.

Мурму (20 июни соли 1958 таваллуд шудааст) собиқ губернатори иёлоти Ҷаркханд аст. Вай аз қабилаи Сантал (бузургтарин қабилаи мардуми Мунда) дар иёлоти шарқии Одиша, ки ба қабилаҳои ба ном рӯйхатшуда (таърихан ба табақаҳои поёнии иҷтимоӣ ва насаби паст мансуббуда) тааллуқ дорад. Мурму ба шарафи малика Драупади, қаҳрамони асосии эпикии қадимии Маҳабҳарата, ном гузошта шудааст.

Сарвари давлати Ҳиндустон

Президент дар  Ҳиндустон рамзи миллат  маҳсуб шуда, сардори давлат ва фармондеҳи олӣ мебошад. Аммо ҳокимияти мутлақ дар мамлакат ба сарвазир тааллуқ дорад. Президент асосан вазифаҳои намояндагиро  ба ҷо оварда, ҳайати ҳукуматро расман тасдиқ мекунад. Вазифаи асосии «шаҳрванди аввалин ва асосӣ»-и ҷумҳурӣ «ҳимояи конститутсия ва қонунгузории мамлакат» мебошад.

Президенти Ҳиндустон ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Конститутсияи кишвар ба як нафар иҷозат медиҳад, ки чанд муддат мақоми олии давлатиро ишғол кунад. Аввалин президенти Ҳиндустон Раҷендра Прасад ду давра (1950-1962) дар сари қудрат буд, вале баъдан дар элитаи сиёсӣ анъанае пайдо шуд, ки мақоми сарвари давлатро танҳо як маротиба бояд ишғол намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид