ДЗЮДО. Се паҳлавони тоҷик дар Чемпионати Осиё-2022 миёни ҷавонон иштирок мекунанд

Июль 19, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни ҷавонон, ки 20-21 июл дар пойтахти Тайиланд — шаҳри Бангкок баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони  соли таваллудашон 2002-2007 аз рӯи 14 вазн (бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг, -70кг, -78кг, +78кг; мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг) ширкат меварзанд.

Ба ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон   3 варзишгари шинохта  – Сируш Эркаев дар вазни то 60кг, Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов-  ҳарду дар вазни  то 81кг  сарфарбар гардиданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур ширкати 163 варзишгар аз 15 кишвари қораи Осиё дар назар аст.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 20 июл | Чоршанбе
Оғоз:  08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -48 кг, -52 кг, -57кг, -63кг
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг

Рӯзи 2 | 21 июл | Панҷшанбе
Оғоз:  08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -70кг, -78кг, +78кг
Мардон: -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 19, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт