ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ДАР АФҒОНИСТОН ВАБО АВҶ МЕГИРАД. Дар як шабонарўз дар ду вилоят наздик ба 40 нафар фавтиданд

Июль 14, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду вилояти Афғонистон дар як шабонарӯз наздик ба 40 нафар аз бемории вабо фавтиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Khaama Press» хабар медиҳад.

Хуруҷи бемории марговар дар вилоятҳои Ҳилманд ва Зобул, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. Дар 24 соати охир дар ин ҷо беш аз 120 нафар ба бемории вабо гирифтор шуда, миёни қурбониён на кам аз  15 кӯдак низ ҳаст.

Аксари гирифторони ин беморӣ сокинони навоҳии Багран, Сивари ва Дайчопан мебошанд. Ба ҳарду вилоят дастаҳои сайёри тиббӣ фиристода шудаанд.

Барои баъзе аз шаҳрвандон бо сабабе, ки дар шароити бади санитарию гигиенӣ табобат мегиранд, вабо бо марг анҷом меёбад.

Вазорати тандурустӣ низ, ки аз ҷониби  Толибон ташкил шудааст,  аз чанд ҳолати  сироятёбӣ дар вилояти Қандаҳор хабар дод.

Вабо —  сирояти шадидест, ки тавассути микроорганизми Vibrio cholerae ба вуҷуд меояд. Беморӣ боиси дарунравӣ гардида, ба  норасоии об дар бадан ва халалёбии кори рагҳо оварда мерасонад.

Дар аксар ҳолат сироятёбӣ тавассути оби олудашуда ё маҳсулоти баҳрӣ рух медиҳад.

Хуруҷи бемории вабо дар кишварҳои камбизоати Осиё ва Африқо мунтазам ба қайд гирифта мешавад. Ин, пеш аз ҳама,  ба набудани дастрасии доимӣ ба оби тозаи ошомиданӣ барои қисми зиёди аҳолӣ вобаста аст.

Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани Толибон Афғонистонро  буҳрони ҷиддии  иҷтимоӣ  фаро гирифт. Бар асари надоштани дастрасӣ ба  дороиҳои хориҷӣ,  кишвар қариб бепул монд ва рафтани оммавии мутахассисон боиси таназзули тиб гардид.

Дар Афғонистон вазъи иқтисодӣ бо суръати тез  хароб мегардад: нархи озуқа ва сўзишворй баланд шуда, садҳо ҳазор нафар одамон аз кор маҳрум гардиданд ва фаъолияти молиявӣ дар мамлакат якбора паст шуд.

АКС: © AFP 2022 / Ahmad Sahel Arman

Июль 14, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид