ФАВРӢ! Ба марзи Узбекистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба марзи Узбекистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт, ки эҳтимолан аз ҷониби Афғонистон партоб шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ доданд.
«5 июли соли 2022, тахминан соати 16:20 дар минтақаи сарҳадии Узбекистон, афтиши хумпораҳои мушакӣ, ки эҳтимолан аз қаламрави Афғонистон партоб шудаанд, ба қайд гирифта шуд. Бояд гуфт, ки ҳангоми афтидани хумпораҳо таркиш ба амал наомада, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба мушоҳида нарасидааст. Дар маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз ба чор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расонида шудааст», — омадааст дар матни интишоршуда дар канали «Telegram»-и намояндагии дипломатӣ.
Ҳамагӣ панҷ мушак партоб шудааст. Яке аз хумпораҳо дар майдони футбол дар ҳамон маҳалла пайдо карда шуд.
Гуфта мешавад, ки хумпораҳо аз ҷониби воҳиди сапёрҳо безарар гардонида шуда, аз талафоти ғайринизомӣ пешгирӣ гардид.
Ба гуфтаи манбаи агентии «Sputnik», дар пулиси вилояти Балхи Афғонистон, ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷартани деҳаи Токайи ноҳияи Шӯртеппа сурат гирифтааст.
«Шахсони номаълум ба мошини тамғаи «Suzuki» мушак насб карда, ба самти Узбекистон 6 адад партоб карданд. Мошин комилан сӯхт ва одамон фирор карданд», — илова намуд манбаъ.
Полиси Афғонистон эҳтимоли захмӣ шудани чанд нафарро дар натиҷаи сӯхтор истисно намекунад. Масъулияти партоби мушакро то ҳол касе бар уҳда нагирифтааст. Тамоми ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки комиссияи муштараки Узбекистон ва Афғонистон дар ҳоли ҳозир «барои муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса чораҳои заруриро амалӣ менамояд».
АКС: Reuters








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






