Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе расман бозигари дастаи «Зуб Оҳан»-и Эрон гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе расман бозигари дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и шаҳри Исфаҳони Эрон гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Эҳсони Панҷшанбе аз соли 2020 инҷониб дар дастаи футболи «Навбаҳор»-и шаҳри Намангони Узбекистон бозӣ мекард.
Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и Исфаҳони Эрон мавсими гузашта дар Лигаи бартари Эрон бо ишғоли зинаи 8-ум мусобиқаро ҷамъбаст намуда буд.
Дастаи футболи «Навбаҳор» баъди 13 даври рақобатҳо дар Суперлигаи Узбекистон садрнишин аст.
Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Панҷшанбе 3-юмин футболбози тоҷик хоҳад шуд, ки дар Чемпионати Эрон бозӣ мекунад.
Акс: ФФТ








Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад






