ГУЛЗОРИ ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН. Имрўз аз таъсиси калонтарин ноҳияи кишоварзии ҷумҳурӣ Данғара 90 сол пур мешавад

Июль 8, 2022 12:43

ДУШАНБЕ, 08.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июл  аз таъсиси калонтарин ноҳияи кишоварзии мамлакат — Данғара 90 сол сипарӣ мешавад. Данғара бо хоки зархезу манзараҳои мафтункунанда, кўҳҳои сар ба афлок, чашмаҳои мусаффову боғҳои пур аз меваҳои шаҳдбор, даштҳои беканори гандумзор ва мардуми заҳматқарину ватандўсташ шўҳрат дорад. Данғара на танҳо ҳудудест бо табиати хосу мардуми меҳнатқарин, балки хазинаест аз таърихи бою рангини гузаштаи халқи тоҷик.  

Данғара  соли 1932 таъсис ёфтааст

8 июли соли 1932 дар ҳаёти меҳнаткашони диёри куҳанбунёди Данғара  тағйироти  калони сиёсию иҷтимоӣ ба  вуҷуд омад. Бо қарори Шурои Комиссарони  халқии ҷумҳурӣ ноҳияи маъмурии Данғара ташкил ёфт.

То ин дам ин ҳудуди маъмурӣ ба ноҳияи Кангурт тобеъ буд. Данғара он замон 21 ҳазор аҳолӣ дошт, ки дар 87 нуктаи аҳолинишин маскан гирифта буданд. Меҳнаткашони ноҳия дар ин муддат дар ҳама соҳаҳо қадамҳои бузургу устувор гузоштанд. Данғара рушд кард ва ба диёри шукуфон табдил ёфт. Рустоҳои нав деҳаҳои кўҳнаро иваз намуданд.


Дар ҳаёти иҷтимоию мадании мардум табаддулоти мусбӣ рўй дод. Ҳоло дар ноҳия 9 ҷамоат, 90 деҳаи хурду калон мавҷуд аст. Ба ҳолати 1 июли соли  равон  шумораи аҳолии ноҳия 177,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 

Данғара дар гузашта ободтарини минтақаи Хатлон буд

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ дар ҷашни 70 — солагии ноҳия (соли 2002) таъкид карда буданд: «Тибқи шаҳодати баъзе сарчашмаҳо Данғара дар даврони Пешдодиён ва Хахоманишиён аз ободтарин ва хуррамтарин шаҳрҳои Хатлон будааст. Ин суханҳоро тангаҳои тиллоӣ бо акси Доро, ки соли 1954 мутахассисони русу тоҷик аз рўи нишонаҳои харитаи замони Пешдодиён аз даруни харсанги тарошидаи болои гўристони Пушинги ноҳия пайдо караанд, тақвият медиҳад».


Данғара — маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигарондашуда буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ бо муҳити тозаи экологӣ мебошад.

Бунёди 500 киллометр роҳ дар 30 сол

Ноҳияи Данғара  асосан солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорону шахсони соховатманд ва мардуми заҳматкаши маҳаллӣ ба пешравиҳои азим ноил гашт. Ин муддат дар ноҳия ҶСП «Ҷунтай Данғара — син- силу текстил», ҶСКМС «Данғара», «Дарё-2015», ҶДММ «Меҳровари Худобахш», ҶДММ «Принд-Голд», ҶДММ «Миср 2001», ҶДММ «Девид-бетон», ҶДММ «Аурен», ҶДММ «Ориён- Сорво», ҶДММ «Тоҷпласт-1», ҶДММ «Каёнуш-дўзандагӣ», НБО «Сангтўда-1», НБО «Сангтўда 2», ҶДММ «Тоҷи Осиё», бозори кишоварзии «Каёнуш», бозори чинии «Пир-Ғулом», бинои нави хизматрасонии комплексӣ дар деҳаи Пушинг, боғи марказӣ, чойхонаи фароғатии «Хуррамшаҳр», зеристгоҳи барқии «Лолазор», биноҳои нави чандин идораву муассисаҳо ва садҳо иншооти дигар бунёд шуда, дар хизмати сокинон қарор гирифтанд. Бунёди иншооти гуногун бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор ба ноҳия ҳусни нав зам намудааст.


Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як мулоқот бо фаъолони ноҳия гуфтанд, ки ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрўз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардондани зодгоҳи худ бо роҳи таъсис додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзиш, таъмири роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайр барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳамдиёрони хеш саҳми ватандӯстона гузоранд. Бовар дорам, ки наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

Иҷрои барзиёди нақшаи буҷет

Ҳоло корҳои ободониву созандагӣ дар марказ ва ҳатто дурдасттарин деҳоти ноҳия бомаром идома дошта, сатҳи зиндагии мардум ҳамасола боло меравад. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия иншооти зиёди таъйиноти гуногун бунёд ёфта, ба ҳалли мушкилоти сокинон мусоидат намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон низ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёдеро ба анҷом расонд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд, дар нимсолаи аввали соли равон  иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 91 миллиону 385,8 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 755,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 миллион сомонӣ беш аст.

Бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 596 нафар корҷўён соҳиби касбҳои гуногун гардиданд. Инчунин, 9 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки ташкилоту корхонаҳо гузаронда шуд, ки теътоде аз шаҳрвандон ба кор таъмин  гаштанд. Ҳамчунин, тибқи Барномаи болозикр 312 шаҳрванди бешуғл ва бекасб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Ба шахсони танҳо ва бепарастор аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, шахсони саховатманд ба маблағи 39 ҳазору 403 сомонӣ кумак расонда шуд.

Барномаи рушд барои то соли 2025

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи азхудшуда 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. «Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоии иқтисодии ноҳияи Данғара барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст, 225 лоиҳаро ба маблағи 2 миллиарду    442 миллиону 574 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад.

Аз он 16 лоиҳа ба бахши кишоварзӣ, 12 лоиҳа ба саноат, 37 лоиҳа ба соҳибкорони хурду миёна, 18 лоиҳа ба бахши меъморӣ ва сохтмон, 33 лоиҳа ба бахши маориф, 22 лоиҳа ба бахши тандрустӣ, 10 лоиҳа ба бахши фарҳанг, 1 лоиҳа ба бахши сайёҳӣ, 16 лоиҳа ба варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, 8 лоиҳа ба бахши хоҷагии манзилу коммуналӣ, 15 лоиҳа ба бахши таъмини оби нўшокӣ ва масъалаҳои обу корез, 13 лоиҳа ба бахши барқтаъминкунӣ, 15 лоиҳа ба бахши нақлиёт ва роҳ ва 9 лоиҳа ба бахши ҳолатҳои фавқулода ва муҳити зист пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмуъ, аз 225 лоиҳа, 85 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 181 миллиону 653 ҳазору 71 сомонӣ дар соҳаҳои гуногун иҷро гардидааст, ки 48,3 дарсади барномаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 500 миллионро гузашт

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 544 миллиону 507,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 миллиону 402,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 112 фоизи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия ин давра дар майдони 38 ҳазору 769,6 гектар кишти зироат гузаронданд. Аз ҷумла, зироатҳои техникӣ 6 ҳазору 170 гектар, 746 гектар картошка, 1279,6 гектар сабзавот, 4850 гектар пахта ва 1245 гектар полизӣ. Ҳамзамон, дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 1918 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410 гектар беш мебошад.


Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 1398 тоннаро ташкил дод.

Дар ноҳия 27 гектар боғи нав бунёд ва 52 гектар боғу токзор барқарор гардид. Дар мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби хоҷагии ҷангал дар майдони 79 гектар ҷангал бунёд гардида, инчунин, 81 гектари дигар барқарор гашт.

Масъалаи истифодаи самараноки заминҳо, махсусан заминҳои корами обӣ яке аз масъалаҳои асосии рўз гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ 7 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда, шумораи умумии онҳо ба 2076 расид, ки пурра бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шуданд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзкории тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли равон 30624 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шуд, ки 122 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

МОИ «Данғара» ба рушди ноҳия мусоидат кард

Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 199 миллиону 263,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 миллиону 320,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ 117,6 дарсад таъмин карданд.

Ба ҳолати 1 июл 40506 либоси мактабӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38817 адад зиёд аст.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 34 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 12-тои он фаъолият дошта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи онҳо ба 29,4 миллион сомонӣ баробар аст.

Аз оғози фаъолияти МОИ “Данғара” ҳаҷми сармоягузорӣ ба 1 миллиарду 955 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар шаш моҳи сипаришуда ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа 60,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар МОИ “Данғара” сохтмони корхонаи коркарди нафт, конструксияҳои металлӣ ва корхонаи коркарди намак бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ идома дорад.

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба рушди ноҳия зиёд мусоидат кард. Дар он ҷиҳати ҷалби сармоягузории ватаниву хоричӣ имтиёзҳо дар соҳаи андоз ва гумрук пешбинӣ шуда, дорои инфрасохтори мустақил мебошад. Воридоти молу маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва сохтмонӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ бидуни ситондани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷараён мегирад. Ҳангоми интиқоли мол аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонда намешавад, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодидошта.

Боз 166 иншоот бунёд мешавад

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурпии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 400 иншооти таъиноти гуногун — 40 муассисаи тандурустӣ, 25 таълимӣ бо 14600 ҷойи нишаст, 35 иншооти варзиш ва солимгардонӣ, 12 қаср, клуб ва боғҳои истироҳатӣ- фарҳангӣ ва даҳҳо иншооти маъмурӣ ва маишию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуда, дар доираи он бунёд ва таъмиру таҷдиди 170 иншооти гуногун дар назар аст. Ҳоло дар 123 иншоот корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд. То имрӯз 27 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 20 иншоот дар арафи анҷомёбист.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 263 миллиону 119,8 ҳазор сомонӣ истифода шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 миллиону 933,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи сипаришуда бо дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 22 км роҳ сангфарш, 12 км мумфарш ва 27 км хати оби нўшокӣ гузаронда шуд.

Хонандагон дар вилоят ҷойи аввал ва дар ҷумҳурӣ мақоми сеюм доранд

Ба соҳаи маорифи ноҳия дар ин давра 38,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардидааст, ки 94 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар 84 муассисаи таълимии ноҳия 2101 омўзгор ба таълиму тарбияи 43557 хонанда машғуланд. Дар озмуни гирандагони стипендияи раиси ноҳия 110 нафар ғолиб гардид.

Дар давраи таътили баҳорӣ озмуни дохилимуассисавии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронда шуда, ба даври вилоятӣ 44 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз ин 29 нафар соҳиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва 15 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид.

Ба маълумоти шуъбаи маориф хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, сазовори 26 медали тилло, 65 нуқра ва 91 биринҷӣ гаштаанд. Тибқи таҳлилҳо муассисаҳои таълимии ноҳия дар вилоят дар ҷойи якум ва дар ҷумҳурӣ дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Ба ҳолати 30 июн 2096 довталаб ба имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ тибқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурданд, ки 83,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Кумак ба 6602 оилаи ниёзманд

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва назорати ҷиддӣ қарор дорад. Дар ин давра ба ин соҳа 13,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ равона гардидааст.

То солҳои 1996 дар ноҳия ҳамагӣ 25 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт. Даврони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2021 ба 80 расид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону шахсони саховатманд 40 муассисаи тандурустии муосири тиббӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия сохта ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 майи соли 2020  “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба барномаи мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2996 нафар ворид гардида, ба маблағи 588 ҳазору 384 сомонӣ кумаки молиявӣ гирифтанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 453 оилаи эҳтиёҷманд маълумотнома дода шуд, ки тибқи он дар муассисаҳои тиббӣ ройгон табобат мегиранд ё дар донишгоҳҳо аз пардохти маблағи шартнома озод мешаванд. Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд ба 6602 оилаи эҳтиёҷманд, маъюбон, бепарасторон, иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ятимони кул ва нимятимон  ба маблағи 4 миллиону 36 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонда шуд.

326 медал дар шаш моҳ 

Дар ноҳия 1 мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки наврасону ҷавонон 11 навъи варзишро меомўзанд. Дар он 30 мураббӣ ба таълиму тарбияи варзишгарон машғуланд. Дар шаҳраку деҳоти ноҳия 102 майдончаи варзиш, 29 толор мавҷуд мебошад.

Дар ин давра варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ 326 медал — 93 тилло, 101 нуқра ва 132 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 медал зиёд аст.

Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад 

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия нигаронда шудаанд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Сокинони ноҳия аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, дар рушди минбаъдаи ин гӯшаи Ватани азизамон саҳмгузор хоҳанд буд. Итминон аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Данғара боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардад.

Ин ҳама созандагию ободкориҳо беихтиёр шеъри  Сайдалӣ Вализода «Ояндаи Данғара»-ро, ки онро муаллиф соли 1968 эҷод намудааст, ба ёд  меоранд:

Ман шунидам кори нав, додар намоён мешавад,
Аз паи шодӣ ба мо шодӣ дучандон мешавад…
Инженери кордоне дар сухан гуфто ба ман,
Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад…

Лашкар ШАРИФЗОДА,
хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»
махсус барои АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2022 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид