Имрӯз иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд

Июль 15, 2022 17:28

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 44 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба мас­ъала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда ироа намуданд.


Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»,  ва «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар доираи рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ атрофи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла ба кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, замин, гумрук, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи рақобат»,  ва «Дар бораи реклама» мубодилаи афкор сурат гирифта, онҳо ҷонибдорӣ гардиданд.


Мавриди зикр аст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва меҳнат, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки онҳо бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбати хурдсолон ва ноболиғон, пешниҳод шудаанд.

Инчунин дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як қатор пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоб ва бозхонд намудани роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, як қатор судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Усмонзода Тоҷиддин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуда, Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилӣ Файзали муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайриддинзода Азизбек муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҷонфидо Халил судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин, Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон, Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор, Ҳафиззода Тимур Ҷамшед, Шӯҳратзода Улуғбек, Маҳмадзода Хуршед Бобохон, Солеҳзода Зарина Тағойназар, Бекзода Абдураҳим Абдулло ва Усмонзода Тоҷиддин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ судяҳои навинтихобро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолати судӣ ба хизмати софдилона ҳидоят намуданд.

Дар фарҷоми кори иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки якҷо бо дигар сохторҳои марбута вазъи муомилоти маҳсулоти тамоку ва машруботи спиртӣ дар бозори истеъмолии кишвар, бахусус пешгирии хариду фурӯши ин маҳсулотҳоро аз ҷониби ноболиғон, бо таҳлили санадҳои қонунгузории марбут ба самти мазкур ба роҳ монда, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Бо ҳамин, иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2022 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуданд
«КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияи доимии экспертии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд