Имрӯз вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 19, 2022 08:12

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022  нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро доир мекунад.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Кумитаи мазкур барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» бояд тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 19, 2022 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид