Имрӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Суди Олӣ, Кумитаи андоз ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб баргузор мешавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2 ) гузаронида мешавад.
Суди Олӣ нишасти матбуотиро соати 15:00 дар Суди Олӣ доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






