Имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии МД «Тоҷикфилм» соати 09:00 дар МД «Тоҷикфилм» баргузор мегардад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 14:00 дар Агентии хоҷагии ҷангал барпо мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






