ИМСОЛ ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶАҲОН БА 8 МИЛЛИАРД МЕРАСАД. Дар Тоҷикистон сокини 10-миллионаи кишвар таваллуд мешавад

Июль 12, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аҳолӣ дар рӯи Замин то 15 ноябри соли 2022 ба 8 миллиард мерасад. Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳед, чунин пешгӯӣ рӯзи душанбе, 11 июл аз ҷониби Раёсати масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар гузориши «World Population Prospects 2022», ки 11 июл дар Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ интишор гардид, оварда шудааст.

Тибқи баҳогузории СММ, аллакай соли 2023 Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвари ҷаҳон мегардад. Тадқиқоти гузаронидаи  Раёсати СММ  нишон дод, ки соли гузашта суръати афзоиши аҳолии ҷаҳон бори аввал аз  замони оғози омор дар соли 1950 камтар аз як фоиз буд. Имсол ин нишондод 0,8 фоиз дар назар аст.

Тибқи ҳисоби мутахассисон, марҳалаи навбатӣ — 8,5 миллиард нафар — дар соли 2030 мегузарад. Дар солҳои 80-уми садсолаи охир авҷи шумораи аҳолии рӯи Замин — 10,4 миллиард  нафар пешбинӣ шудааст, баъдан ин рақам то соли 2100 дар ин сатҳ боқӣ мемонад, пешгӯӣ мекунанд муаллифони ҳуҷҷат.

Афзоиши доимии аҳолӣ, ба ақидаи онҳо, пеш аз ҳама ба сатҳи баланди таваллуд дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ вобаста аст. Тахмин карда мешавад, ки бештар аз нисфи афзоиши умумии аҳолӣ дар 8 мамлакат: Ҷумҳурии Демократии Конго, Миср, Эфиопия, Ҳиндустон, Нигерия, Покистон, Филиппин ва Танзания рост меояд.

                 Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад

Аҳолии Тоҷикистон аввали соли 2017  8 миллиону 769 ҳазору 221 нафар ва  афзоиши солона 2,24 фоизро ташкил дод. Бо дарназардошти он, ки афзоиши миёнаи солонаи аҳолии  Тоҷикистон аз соли 1998 беш аз 2 дарсадро ташкил медиҳад, бо итминон метавон тахмин кард, ки сокини даҳ миллионаи кишвар дар даҳаи дуюми моҳи июли соли 2022 таваллуд мешавад. Инро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд. Аҳолии доимии Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ва аввали соли 2023 ба 10 миллиону 129 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора дар Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гуфта мешавад.

Демографҳо бар ин назаранд, ки то соли 2050-ум шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 миллион нафар ва эҳтимолан аз ин ҳам пештар хоҳад гузашт. Омори демографӣ нишон медиҳад, ки афзоиши аҳолии кишвар дар пасманзари афзоиши мизони таваллуд (3% бештар нисбат ба нимаи аввали соли 2020) ва коҳиши фавт (5% камтар нисбат ба нимаи аввали соли 2020) сурат гирифтааст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ кишвари баландтарин мизони таваллуд боқӣ мемонад. То соли 2100, тибқи пешгӯиҳои тахминӣ  дар Тоҷикистон аллакай 25 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард!

АКС: СММ/ АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид