ИМСОЛ ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶАҲОН БА 8 МИЛЛИАРД МЕРАСАД. Дар Тоҷикистон сокини 10-миллионаи кишвар таваллуд мешавад
ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аҳолӣ дар рӯи Замин то 15 ноябри соли 2022 ба 8 миллиард мерасад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳед, чунин пешгӯӣ рӯзи душанбе, 11 июл аз ҷониби Раёсати масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар гузориши «World Population Prospects 2022», ки 11 июл дар Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ интишор гардид, оварда шудааст.
Тибқи баҳогузории СММ, аллакай соли 2023 Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвари ҷаҳон мегардад. Тадқиқоти гузаронидаи Раёсати СММ нишон дод, ки соли гузашта суръати афзоиши аҳолии ҷаҳон бори аввал аз замони оғози омор дар соли 1950 камтар аз як фоиз буд. Имсол ин нишондод 0,8 фоиз дар назар аст.
Тибқи ҳисоби мутахассисон, марҳалаи навбатӣ — 8,5 миллиард нафар — дар соли 2030 мегузарад. Дар солҳои 80-уми садсолаи охир авҷи шумораи аҳолии рӯи Замин — 10,4 миллиард нафар пешбинӣ шудааст, баъдан ин рақам то соли 2100 дар ин сатҳ боқӣ мемонад, пешгӯӣ мекунанд муаллифони ҳуҷҷат.
Афзоиши доимии аҳолӣ, ба ақидаи онҳо, пеш аз ҳама ба сатҳи баланди таваллуд дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ вобаста аст. Тахмин карда мешавад, ки бештар аз нисфи афзоиши умумии аҳолӣ дар 8 мамлакат: Ҷумҳурии Демократии Конго, Миср, Эфиопия, Ҳиндустон, Нигерия, Покистон, Филиппин ва Танзания рост меояд.
Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад
Аҳолии Тоҷикистон аввали соли 2017 8 миллиону 769 ҳазору 221 нафар ва афзоиши солона 2,24 фоизро ташкил дод. Бо дарназардошти он, ки афзоиши миёнаи солонаи аҳолии Тоҷикистон аз соли 1998 беш аз 2 дарсадро ташкил медиҳад, бо итминон метавон тахмин кард, ки сокини даҳ миллионаи кишвар дар даҳаи дуюми моҳи июли соли 2022 таваллуд мешавад. Инро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд. Аҳолии доимии Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ва аввали соли 2023 ба 10 миллиону 129 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора дар Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гуфта мешавад.
Демографҳо бар ин назаранд, ки то соли 2050-ум шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 миллион нафар ва эҳтимолан аз ин ҳам пештар хоҳад гузашт. Омори демографӣ нишон медиҳад, ки афзоиши аҳолии кишвар дар пасманзари афзоиши мизони таваллуд (3% бештар нисбат ба нимаи аввали соли 2020) ва коҳиши фавт (5% камтар нисбат ба нимаи аввали соли 2020) сурат гирифтааст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ кишвари баландтарин мизони таваллуд боқӣ мемонад. То соли 2100, тибқи пешгӯиҳои тахминӣ дар Тоҷикистон аллакай 25 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард!
АКС: СММ/ АМИТ «Ховар»









Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






