«JBMO-2022». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика 6 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 нафар хонандагони синфҳои 7-8-и мамлакат дар 26-умин Олимпиадаи Балтикии наврасон аз фанни математика «JBMO-2022» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиадаи мазкур аз 28 июн то 3 июли соли 2022 дар шаҳри Сараевои Ҷумҳурии Босния ва Герсеговина баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар ин мусобиқаи илмии байналмилалӣ шарафи ҷумҳуриро баланд бардошта, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ гарданд.
Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Дар Олимпиада, аз ҷумла аз Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Югославия, Босния ва Герсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин, Кипр ва ғ.) дар ҳайати як дастаи иборат аз 6 нафар хонандагони синфҳои 7-8 (то 15-сола) иштирок намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






