Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз зиёдшавии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо хабар дод

Июль 27, 2022 12:52

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли равон  84 нафар шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун, хусусан риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои мамлакат   ба ҳалокат расидаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2021-69 нафар) 15 нафар зиёд мебошад.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки  «сарфи назар аз санҷишҳои мунтазам, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  гражданӣ,  тарғибу ташвиқот  тавассути воситаҳои ахбори омма- телевизион, радио, нашри огоҳиномаҳо дар сомонаи Кумита ва дигар нашрияҳо ҳанӯз ҳам дар обҳои кишвар одамон аз сабаби  риоя  накардани   қоидаҳои шиноварӣ  ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, мефавтанд, ки  ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст». 

Рустам Назарзода гуфт, ки «аксари ғарқшудагон дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои ҷумҳурӣ кӯдакону ҷавонон мебошанд. Аз ҷумла,  аз  84 нафари соли равон дар обҳои мамлакат ғарқшуда  ҳафт нафар кӯдакони то чорсола,  15 нафар аз 5 то 10-сола, 24 нафар аз 11 то 16-сола, 27 нафар аз  17 то  35-сола ва  11 нафари дигар аз 35-сола боло мебошанд».

Ба таъкиди Рустам Назарзода, 42 фоизи ғарқшудагон, ки кӯдаконанд,  аз беназоратии волидайн ғарқ гардидаанд. Инчунин 20 фоизи ҳолати ғарқшавӣ ба беэҳтиётӣ, 16 фоиз ба худкушӣ, 11 фоиз ба сабабҳои номаълум, 8 фоиз ба садамаҳои нақлиётӣ ва мутаносибан 1-фоизӣ ба ҳолатҳои мастӣ ва бемориҳои рӯҳӣ рост меояд.  Аксари  ҳолатҳои ғарқшавӣ дар дарёҳои кишвар, ки барои оббозӣ мамнӯъ буда, назорат карда намешаванд, ба амал омадаанд. Аз ҷумла, дар дарёи Ванҷ 8 нафар,  Панҷ- 8 нафар,  Сирдарё- 10 нафар,  Фондарё- 8 ва дар Кофарниҳон ҳам 8 нафар ғарқ гардида,  ба ҳалокат расидаанд.  Дар ҷойҳое, ки назорат ҳаст, дар он ҷойҳо ҳолатҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар самти пешгирии ҳодисаҳои марбут ба ғарқшавии шаҳрвандон дар  кӯлу дарёҳо ва обанбонборҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат чӣ тадбирҳо меандешад? Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Рустам Назарзода гуфт, ки «аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи  гражданӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Кумита миёни аҳолӣ, лагерҳои истироҳатӣ, истироҳатгоҳҳо вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуда, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Бо мақсади пешгирии  ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони Кумита дар телевизион 73  баромад, радио  19 баромад ва беш аз 100 баромад дар сомонаи Кумитаи роҳандозӣ гардид, ки шаҳрвандонро ҳушор медиҳанд зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёткор бошанд».

Инчунин дар мавзеъҳо, бахусус соҳили кӯлу дарёҳо ва обанборҳои кишвар, ки  дар онҳо оббозӣ хатарнок ва мамнуъ аст, Кумита имсол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар огоҳинома, аз ҷумла 35 лавҳаи калон ва 50 лавҳаи хурд насб намуд, ки ба шаҳрвандон хатарнок ва мамнӯъ будани оббозиро дар чунин маконҳо мефаҳмонанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 27, 2022 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд