Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз зиёдшавии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо хабар дод

Июль 27, 2022 12:52

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли равон  84 нафар шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун, хусусан риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои мамлакат   ба ҳалокат расидаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2021-69 нафар) 15 нафар зиёд мебошад.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки  «сарфи назар аз санҷишҳои мунтазам, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  гражданӣ,  тарғибу ташвиқот  тавассути воситаҳои ахбори омма- телевизион, радио, нашри огоҳиномаҳо дар сомонаи Кумита ва дигар нашрияҳо ҳанӯз ҳам дар обҳои кишвар одамон аз сабаби  риоя  накардани   қоидаҳои шиноварӣ  ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, мефавтанд, ки  ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст». 

Рустам Назарзода гуфт, ки «аксари ғарқшудагон дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои ҷумҳурӣ кӯдакону ҷавонон мебошанд. Аз ҷумла,  аз  84 нафари соли равон дар обҳои мамлакат ғарқшуда  ҳафт нафар кӯдакони то чорсола,  15 нафар аз 5 то 10-сола, 24 нафар аз 11 то 16-сола, 27 нафар аз  17 то  35-сола ва  11 нафари дигар аз 35-сола боло мебошанд».

Ба таъкиди Рустам Назарзода, 42 фоизи ғарқшудагон, ки кӯдаконанд,  аз беназоратии волидайн ғарқ гардидаанд. Инчунин 20 фоизи ҳолати ғарқшавӣ ба беэҳтиётӣ, 16 фоиз ба худкушӣ, 11 фоиз ба сабабҳои номаълум, 8 фоиз ба садамаҳои нақлиётӣ ва мутаносибан 1-фоизӣ ба ҳолатҳои мастӣ ва бемориҳои рӯҳӣ рост меояд.  Аксари  ҳолатҳои ғарқшавӣ дар дарёҳои кишвар, ки барои оббозӣ мамнӯъ буда, назорат карда намешаванд, ба амал омадаанд. Аз ҷумла, дар дарёи Ванҷ 8 нафар,  Панҷ- 8 нафар,  Сирдарё- 10 нафар,  Фондарё- 8 ва дар Кофарниҳон ҳам 8 нафар ғарқ гардида,  ба ҳалокат расидаанд.  Дар ҷойҳое, ки назорат ҳаст, дар он ҷойҳо ҳолатҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар самти пешгирии ҳодисаҳои марбут ба ғарқшавии шаҳрвандон дар  кӯлу дарёҳо ва обанбонборҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат чӣ тадбирҳо меандешад? Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Рустам Назарзода гуфт, ки «аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи  гражданӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Кумита миёни аҳолӣ, лагерҳои истироҳатӣ, истироҳатгоҳҳо вохӯрию суҳбатҳо гузаронида шуда, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Бо мақсади пешгирии  ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони Кумита дар телевизион 73  баромад, радио  19 баромад ва беш аз 100 баромад дар сомонаи Кумитаи роҳандозӣ гардид, ки шаҳрвандонро ҳушор медиҳанд зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёткор бошанд».

Инчунин дар мавзеъҳо, бахусус соҳили кӯлу дарёҳо ва обанборҳои кишвар, ки  дар онҳо оббозӣ хатарнок ва мамнуъ аст, Кумита имсол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар огоҳинома, аз ҷумла 35 лавҳаи калон ва 50 лавҳаи хурд насб намуд, ки ба шаҳрвандон хатарнок ва мамнӯъ будани оббозиро дар чунин маконҳо мефаҳмонанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 27, 2022 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ беш аз 19 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Тоҷикистон сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ зиёд гардидааст
Бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии омилҳои номатлуб вохӯрӣ доир шуд
Имангалӣ Тасмагамбетов: «Соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 216 тоннаю 787 килограмм маводи пастсифат мусодира ва нобуд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳодисаҳои нохуш аз бемасъулиятии кормандон ва норасоии мутахассисони соҳавӣ ба амал меоянд
«НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ-СИМОИ МИЛИТСИЯ». Барои нозирони минтақавии вилояти Хатлон даври омӯзишӣ гузаронида шуд
«Собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ нақши назаррас мегузоранд», — бардошт аз ҳамоиш
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Таваҷҷуҳ! Насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ ва садо дар мошинҳои шахсӣ хилофи қонун аст