Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид

Июль 13, 2022 18:45

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022, №283 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар медиҳад.

«Нишони мазкур даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст. Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд» — иброз намуд Наврӯз Қурбонзода.

Ба иттилои ӯ, даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он «МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва дар поёни он «МАҶЛИСИ МИЛЛӢ» навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо карда шудаанд.

Тибқи Низомнома Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣ буда, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани онро нишон медиҳад. Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба ғайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва насб карда мешавад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2022 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид