MADE IN TAJIKISTAN. Ҷӯробҳои «Bokhtar» дар Русия бозоргир шуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷӯробҳои истеҳсоли корхонаи истеҳсолии «Сомони Расул» -и шаҳри Бохтар нахустин маротиба ба Русия содирот гардид. Дар ин бора роҳбари корхона Расул Соҳибназаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар, бахусус ба Русия ба роҳ мондаанд.
Расул Соҳибназаров гуфт, ки корхона дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёд гардида, дар маросими ифтитоҳи он моҳи марти соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Таҷҳизот ва дастгоҳҳои корхона, ки беш аз 20 ададро ташкил медиҳанд, истеҳсоли кишварҳои мутараққии ҷаҳон, назири Кореяи Ҷанубӣ ва Чехия мебошанд. Иқтидори корхона истеҳсоли 1 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, алҳол дар корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.


Маҳсулоти хом аз корхонаҳои ресандагии мамлакат, аз ҷумла, аз корхонаи «Ҷунтай Данғара» ва «Ваҳдат текстил» дастрас гардида, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешаванд. Дар корхона истеҳсоли 20 намуди ҷӯробҳои занона, мардона ва кӯдакона ба роҳ монда шудаааст. Маҳсулоти корхона асосан ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муштариён пешниҳод карда мешавад.
Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар оянда дар доираи эълон гардидани паҷсолаи рушди саноат дар мамлакат бо истифода аз захираҳои мавҷуда, иқтидори истеҳсоли ҷӯробро афзоиш диҳад.
Марзия Саидзода,
АМИТ «Ховар»
Душанбе –Бохтар –Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»










Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






