Моҳи сентябри соли 2022 дар Душанбе аввалин IT-парк ба фаъолият оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 22.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе IT-парк ба фаъолият оғоз менамояд, ки ин нахустин технопарки Тоҷикистон, қаламрави имконият ва ҳамгироии илму маориф ва технологияҳои олӣ мегардад, чунин иброз дошт директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Саъдӣ Самадзод гуфт, ки маркази мазкур дар суроғаи кӯчаи Мирзо Турсунзода А-27, собиқ бинои Маркази ҷавонон воқеъ гардида, фаъолияташро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ мемонад.
«IT-парк ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд. Дар он на танҳо ҷавонони пойтахт, балки тамоми ҷумҳурӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд», — иброз дошт мавсуф.
Ба зикри ӯ, ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ, таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот, тайёр намудани аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккул додани синфи муосири мутахассисони баландихтисос, гузаронидани маҳорат-дарсҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинарҳо бо ҷалби ширкатҳо ва мутахассисони пешрафта мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






