Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд

Июль 6, 2022 12:34

ТУРСУНЗОДА, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ҷараёни кишти такрорӣ ва иҷрои корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳафтаи гузашта муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни сафар иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар кишти асосӣ ва такрорӣ ба ҳолати 1 июл дар майдони 4503 гектар шолӣ кишт намуданд, ки дурнамои он зиёда аз 100 фоиз иҷро шудааст.

Ҳамчунин меҳмонон аз рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ, вазъи боғдорӣ ва дигар самтҳои соҳаи кишоварзӣ шинос гардида, ба онҳо маълумоти мукаммал дода шуд.


Дар идома меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонии сардхонаҳо шинос шуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тоза ва танзими нархи бозор дар шаҳри Турсунзода 55 сардхона бо ғунҷоиши 11542 тонна маҳсулот мавҷуд аст. Айни замон ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода аз 26 августи соли 2021 корҳои сохтмонии боз 5 сардхонаи нав бо ғунҷоиши 2 500 тонна маҳсулот идома дорад.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ дар заминаи муассисаи таълимии №92-и шаҳр, ки аз ҳисоби даромади хоҷагӣ бунёд гардида истодааст, дидан намуданд. Инчунин бо рафти сохтмони пули мошингард, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сохта шуда истодааст, шинос шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳри Турсунзода ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқворӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 6, 2022 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад»
Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии ҶСО «МегаФон»-и Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд