Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар вилояти Хатлон бо ҳолати парвариши зироатҳо ва ҷамъоварии беталафи ҳосил шинос гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ намуд, ки ҳадафи он таъмини татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи кишоварзӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар ин самт дар вилоят мебошад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар сафар муовини Сарвазири мамлакатро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод, инчунин сардорони сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, идораи оби вилоят, раисони ноҳияҳо ва дигар масъулин ҳамроҳӣ намуданд.
18 июл гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав бо ҳолати ҷамъоварии зироати кишоварзӣ, ҷараёни кишти такрорӣ, обрасонӣ ва истифодаи самараноки замин шинос гардид.


Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳру навоҳии вилоят оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, парвариши зироат, пахта, обрасонӣ, ҷамъоварии беталафи зироат, захираи хӯроки чорво, истифодаи самараноки замин ва кишти такрорӣ дастурҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки муовини Сарвазири мамлакат ва ҳамроҳонаш зимни сафари корӣ аз шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон дидан менамоянд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






