Номзадии Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Июль 23, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл иҷлосияи ғайринавбатии ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Нахуст муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода иттилоъ дод, ки 18 июли имсол дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВМКБ №1 муҳокима гардид. Мутобиқи моддаи 32-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 номзадии Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон пешбарӣ шуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ гардид.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон ин пешниҳодро якдилона маъқул донистанд ва дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, таҳти рақами 75 ба тасвиб расид.

Умедҷон Носирзода лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ-ро доир ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон ҷиҳати пешбарии номзадии Алишер Мирзонабот ба узвияти ММ МО ҶТ ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоби узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ, №1 барои овоздиҳӣ ва қабули қарори дахлдор ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод намуд, ки қарор аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:

Мирзонабот Алишер Худобердӣ (Алишер Мирзонабот) 28 августи соли 1980 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби рақами 4-и деҳа гирифтааст.

Соли 1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми низомии 2730 то моҳи майи соли 2000 хизмат намудаст.

Солҳои 2000-2003 ҳамчун курсант дар Донишкадаи ҳарбии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Аз моҳи марти соли 2003 дар қисми ҳарбии 2107-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайси муовини сардори ситод ба фаъолият оғоз намудааст.

Номбурда аз моҳи декабри соли 2003 то моҳи августи соли 2005 муовини якуми сардори отряди сарҳадӣ — сардори ситоди қисми ҳарбии 2107 ҚСҶТ шуда кор кардааст.

Солҳои 2005-2006 шунавандаи Академияи сарҳадии ХБФ-и Федератсияи Русия дар шаҳри Москва буда, онро бомуваффақият хатм намудааст.

Ӯ аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи декабри соли 2009 сардори ситод – муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 2655 ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом буд.

Дар вазифаи афсари калони шуъбаи фаъолияти намояндагии сарҳадии Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то соли 2011 адои вазифа намудааст.

Солҳои 2011-2014 дар вазифаи сардори ситоди Отряди шашум, солҳои 2014-2017 дар вазифаи сардори Отряди сарҳадии ҳафтуми СҚС КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2017 ба симмати сардори Отряди сарҳадии 6-уми СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи сентябри соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Моҳи сентябри соли 2018 бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, то моҳи ноябри соли 2020 дар ҳамин вазифа кор кард.

Аз 24 ноябри соли 2020 то 4 ноябри соли 2021 Раиси шаҳри Хоруғ ва аз 5 ноябри соли 2021 Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, фаъолият карда истодааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Давоми фаъолияти меҳнатиаш бо мукофотҳои давлатӣ — медали «Марзбони шуҷои Ватан», соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2015, медали «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 августи соли 2021 ва 27 августи соли 2019 бо рутбаи олии ҳарбӣ: генерал — майор сарфароз гардидааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: МИҲД ВМКБ

Июль 23, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент