ОБУ ҲАВО: 26-27 июл ҳаво дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон рӯзона то 40+45 дараҷа гарм мешавад

Июль 26, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, рӯзона дар ноҳияҳои водигӣ то 40+45 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то 40+42 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ин рӯзҳо бо сабаби ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  софи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 25+27 дараҷа ва рӯзона 42+44 дараҷа гарм мешавад.

Июль 26, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!