Олимони тоҷик алайҳи коронавирус даво ихтироъ кардаанд

Июль 29, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла «ҷорубак» алайҳи COVID-19 дору ихтироъ карда шудаст, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Президенти Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. 

Бино ба гуфти академик Раҳимӣ, танҳо пас аз гирифтани патент дар бораи доруи ихтироъшуда маълумоти муфассал дода мешавад. Феълан танҳо маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла — растании «ҷорубак» омода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан дар посух ба суоли хабарнигорон  дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус гуфта буд, олимони ҷумҳурӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.

Вай таъкид намуда буд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани масунияти бадан ё худ  иммунитет (маҷмӯи аксуламал, ки ба муҳофизати организм аз ангезахои сироят нигаронида шудааст) мусоидат мекунанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли равон дар кишвар ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Яке аз омилҳои ҷой надоштани коронавирус ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт дода мешавад, ки барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд