ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE». 11 нафар хонандагони тоҷик дар даври финалии он иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 11 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ ба шаҳри Лондони кишвари Британияи Кабир сафарбар карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз ба шаҳри Тошканд роҳсипор гардида, аз фурудгоҳи шаҳри Тошканд бо парвози хатсайри Тошканд — Лондон ба Британияи Кабир сафар мекунанд.
11 нафар хонандагони Литсей: Муҳаммадхон Баҳромзода, Исфандиёр Қобилов, Шукрулло Нарзуллоев, Беҳрӯз Мирфаёз, Искандархоҷа Искандаров, Шерозхуҷа Шодмонов, Ясмина Аҳророва, Рамазон Ҳайдарзода, Дилбарҷон Ҷабборова, Фирӯза Абдуллоева ва Бузрукхоҷа Мирзохоҷаев дар 2 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал — майи соли равон тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд, ғолиб омада, ба Гранд-финали ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври финалии олимпиадаи ҷаҳонии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ иштироки хонандагон аз 30 кишвари дунё дар назар аст.
Олимпиадаи мазкур аз 31 июл то 7 августи соли равон дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардида, инчунин иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз макону мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ин давлат дидан мекунанд.
Олимпиадаи ҷаҳонии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9 -12 аз рӯи 5 бахш гузаронида мешавад ва хонандагони болаёқати Литсей дар ҳарду категория ва бахшҳои олимпиада иштирок мекунанд. Роҳбарии дастаро дар олимпиадаи мазкур муовини директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҳаракати олимпӣ Суруш Хоҷаев ба уҳда дорад.
Дар соли хониши 2021-2022 хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд ба 4 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ: Анталияи Туркия, Хюстони Амрико, Франкфурти Олмон ва Лондони Британияи Кабир сафарбар карда шуда, инчунин дар 13 олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи фосилавӣ иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ дар 17 олимпиадаи ҷаҳонӣ 415 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ, инчунин 3 ҷоми даставӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта 6 нафар хонандагони Литсейи мазкур баъди иштирок дар олимпиадаи байналмиллалии фаннӣ аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ ва табиатшиносӣ таҳти унвони «ISTEM-GRAND FINAL 2022», ки дар шаҳри Франкфурти Олмон ва Парижи Фаронса баргузор гардид, ба шаҳри Хуҷанд 12 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ оварданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






