Парлумони Тоҷикистон бозпурсӣ тавассути интернетро қонунӣ кард

Июль 25, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муфаттишони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки бозпурсии ҷабрдидагон ва шоҳидонеро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, бо истифода аз интернет тариқи реҷаи фосилавӣ, аз ҷумла тавассути почтаи электронӣ ва дигар мессенҷерҳоро баргузор намоянд. Ин тағйиру иловаҳо дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июл таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар ворид карда шуданд.

Тавре Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон шарҳ дод, ба моддаи 197 қисми 2 ворид карда шудааст, ки тибқи он, агар шоҳид ё ҷабрдида берун аз кишвар бошад, бозпурсӣ метавонад ба таври фосилавӣ анҷом дода шавад.

Ӯ тазаккур дод, ки суҳбат бо истифода аз телеиртибот ва почтаи электронӣ сурат гирифта, дар он шахсони бетараф низ метавонанд иштирок намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки ин тағйирот дар ҳоле ворид мегардад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, коҳиши ҷинояткорӣ ба қайд гирифта мешавад.

Дар шаш моҳи соли 2022 дар кишвар 12 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки як сол пеш 1396 адад зиёд буд.

Ба иттилои ВКД, ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст.

Илова бар ин, кормандони вазорат 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро дастгир намуданд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 25, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд