Пули азим дар километри 267-уми роҳи Душанбе-Чаноқ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июль 8, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл бо иштироки директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров, раиси Шӯрои нозирон Рамазон Мирзоев, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода, директории генералии ширкати «Чайна Роуд» Ли Чан Вей ва собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолибҷон Фозилов пули азим, воқеъ дар километри 267 — уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ баъди навсозӣ пурра мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки дар воқеъ нақши пули мазкур баҳри таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ муҳим ҳисобида шуда, бо иқдоми мазкур роҳбарият ва кормандони «IRS» собит намуданд, ки барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур азми қавӣ доранд.

Дар доираи чорабинии мазкур сохтмончиён бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои арзандаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен қадрдонӣ шуданд. Хотиррасон мешавем, ки навсозии пули мазкур дар километри 267 — уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ босуръат ҷараён гирифта, васлу насби поя ва пайвандҳои он дар майдончаи сохтмонии назди иншоот қолабрезӣ шуданд.


Пули мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад, соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 9 марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта бо намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.

12 сентябри соли гузашта корҳо дар ин иншоот шуруъ шуда, дар марҳилаи аввал тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании «Роҳи ваҳдат» амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву навсозии пул ба зиммаи ширкати муътабари «Чайна Роуд» вогузор шуда, он дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардид. Ба сохтмони мазкур 45 мутахассиси ширкати «Чайна Роуд» ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди навсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард) расид.

АКС аз ширкати IRS

Июль 8, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд