Роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешавад

Июль 24, 2022 09:02

СУҒД, 24.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба корҳои мумфаршкунии роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ҳусни оғоз бахшид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ амалӣ карда мешавад.

Дарозии роҳи мумфаршшаванда беш аз 1300 метр ва паҳноии он 6 метр буда, бо мумфарш шудани роҳ орзуи деринаи сокинони ҷамоат амалӣ хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки роҳи мазкур ҳанӯз соли 1980 сохта шуда, солҳои зиёд рӯи таъмирро надида буд ва бисёре аз қисматҳои он харобу валангор гардидаанд.

Ҳамзамон раиси ноҳия Аъзам Ализода барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Июль 24, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд