Сохтмони марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими баистифодадиҳии марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ки дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст, баргузор гардид. Маркази мазкур дар доираи лоиҳаи муштаракаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои САҲА дар Душанбе ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо сохта ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии марҳалаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, моҳи июни соли равон хотима ёфтанд. Дар марҳилаи якуми сохтмон меҳмонхона барои 120 нафар, ошхона барои 80 нафар, хонаи қабули волидайни сарбозон, нуқтаи назораи гузаргоҳ бунёд гардида, корҳои барқтаминкунӣ, обтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ ба анҷом расиданд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани машқҳои наҷотдиҳӣ ва истифодаи хизматӣ як адад ҳавопаймо ва чархбол ҷудо гардидааст.
Дар маросими тантанавӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе Вуж Жугич, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йозефсон, инчунин сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.


Зикр шуд, ки Марказ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омўхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар самти огоҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавфмонда мусоидат менамояд.
Рустам Назарзода иброз дошт, ки маркази мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, такмили донишҳои касбӣ ва бозомомӯзии онҳо кӯмак мерасонад.
«Ин Марказ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, ба роҳ мондани машқҳои мунтазами наҷотдиҳӣ, омода намудани мутахассисони нав ба хизмат қабулгардида, ҷузъу томҳои Хадамоти наҷотдиҳӣ ва омода намудани мутахассисони давлатҳои ҳамшарики ҳамсоя бо мақсади ба роҳ мондани амалиётҳои муштараки наҷотдиҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад», — илова кард Раиси Кумита.


Дар маркази мазкур наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, ба монанди заминларза, тармафароӣ, сангрезӣ, кӯҳнавардӣ ва наҷотдиҳандагон оид ба корҳои рӯи обиву зериобӣ омода карда шуда, ҳамзамон такмили донишҳои касбӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузаронидани тамринҳо ва омода намудани наҷотдиҳандагони ҷамъиятиву ихтиёрӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти худидоракуни маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба инобат гирифта мешавад.
Вуж Жугич барои ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки САҲА минбаъд низ муносиботи худро бо Кумита дар самти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ идома медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






