Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд гардид, ки қонеъкунанда нест

Июль 6, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 06.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (3 адад), Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Б. Ғафуров ва Файзобод 1 ададӣ сохта ба истифода дода шуд. Мутаассифона, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ягон муассиса бунёд нагардид. Ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи навбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур доир ба мушкилоти мавҷуда дар самти тарбияи томактабӣ сухан рафта, гуфта шуд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ба таври зарурӣ иҷро нагардидааст. Аз ҷумла, дар асоси Барнома ҳар сол бояд 100 муассисаи томактабӣ ва дар се сол 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода мешуд. Дар дуюним соли амалишавии Барнома аз 68 шаҳру ноҳия дар 24 шаҳру ноҳия муассисаи томактабӣ сохта шудааст, ки иҷрои Барнома дар ним соли 2022 12 фоиз ва дар маҷмуъ, ба ҳисоби миёна 15,6 фоизро ташкил медиҳад.

Бо назардошти он ки ҳалли аксари мушкилиҳои соҳа ба иҷрои талаботи бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вобастагӣ дорад, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид.


Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идороаҳои дахлдори мамлакат, сардорони сарраёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илм фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, таъминоти кадрию ба ҷойи кор ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо компютеру тахтаои электронӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҳамкорӣ бо ВАО ва дигар масъалаҳоро мариди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода доир ба масъалаҳои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳо, баланд бардоштани сифату таълим, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлаатӣ ва забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва чанде дигар андешаронӣ намуд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 6, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд