ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, якшанбе, 205-умин рӯзи соли 2022 аст
24 июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабон дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи неруҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ таъкид менамояд».
***
12 сол пеш, 24 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Авруосиё Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Авруосиё бо маблағи 70 миллион доллари америкоӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд.
24 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Вануата – Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Русия- Рӯзи муҳандиси кадастрӣ.
РӮЙДОДҲО:
24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» конфронс баргузор гардид.
***
24 июли соли 1851 дар Британия ситонидани андоз аз тиреза манъ карда шуд.
***
24 июли соли 1956 шаҳри физикҳо— Дубна таъсис ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1870 — аввалин қатораи фароқоравӣ аз Сан-Франсиско ба Ню-Йорк ворид шуд.
***
Соли 1926 – дар Англия нахустин майдон барои дави сагҳо кушода шуд.