«Тоҷикон». Нақши меҳварии китоб дар камолоти маънавӣ ва худшиносии миллӣ», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июль 22, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №138 (24 497), чоршанбе, 20 июли соли равон таҳти сарлавҳаи «Нақши бузурги  Пешвои миллат дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср», «Сангвор дар масири рушд» ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи мақолаи «Нақши бузурги  Пешвои миллат дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода чунин нигоштааст: «Яке аз муҳимтарин захираҳои табиии сайёраи Замин об ба шумор рафта, маҳаки асосии ҳастии ҳаёти ҳама мавҷудот мебошад. Об ҳамчун унсури муқаддас дар ҳама давру замон барои зиндагии инсоният нақши ҳалкунанда дорад, зеро ин сарвати табииро барои пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода намудан имконпазир аст.

Мояи сарафрозии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки мамлакати мо дар саргаҳи дарёҳо ва пиряхҳои бузурги ҷаҳон қарор дошта, аз ҷиҳати иқтидори захираҳои обӣ яке аз кишварҳои намоён дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ин миқдор зарфияти обӣ имконияти хеле зиёдро дар самти таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».

Дар баробари он ки захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд, ҳамчунин муаррифи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро тибқи таҳлилҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб аст …». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  ва сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти чунин сарлавҳа мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  дунё бохабар шуда, маводи «Пайке аз истиқлол», «Хатлон. Ҷараёни хуби боркашонӣ ва роҳсозӣ», «Роҳзани қотил ҳабс шуд», «Муҳаббат ё ҷаҳолат. Чаро фарҳанги истифодаи телефонро то ҳанӯз наомӯхтаем?», инчунин хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат мутолиа намояд.

Инчунин дар шумораи №137  (24 496), сешанбе, 19 июли соли равон дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат, инчунин матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Тоҷикон». Нақши меҳварии китоб дар камолоти маънавӣ ва худшиноии миллӣ»-чунин ном дорад матлаби мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Шаҳло  Фатҳуллоева, ки ба ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон  равона гардидааст. Дар матлаби «Бадахшон. Афзалият ба рушди саноат» масъалаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят то солҳои 2020-2025 мавриди  таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи панҷшанбе, 21 июл, №89 (4479) таҳти унвонҳои «Мубориза бар зидди терроризм. Зарурат ва машруияти он», «НБО-и «Роғун»- таҳрикбахши рушди иқтисодию сиёсии минтақа», «Такмили қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ ногузир аст», «Корвони дӯстӣ» боиси таҳкими робитаҳо мегардад», «Баррасии масоили об зимни ҳамоиши илмиву амалӣ матолиб ва хабару гузоришҳоро аз ҷараёни ҳисоботи шашмоҳаи вазорату идораҳои мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Мубориза бар зидди терроризм. Зарурат ва машруияти он», прокурори  ноҳияи Сангвор Абдураҳмон Халилов чунин нигоштааст: «Таҷриба нишон додааст, ки терроризм асоси равиши таҳмили ақида ба атрофиён  сирфан бо роҳи зӯроварӣ, террор, ҷанг, амалҳои хушунатомез, ваҳшатафканӣ, ошӯбофаринӣ, амалиёти чирикӣ  (партизанӣ), куштори ҷамъӣ,  наслкушӣ, гаравгонгирӣ, шиканҷа ва табаддулот мебошад. Гурӯҳҳо, иттиҳодияҳое, ки усулҳои дар боло зикршударо ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва ормонҳояшон пазируфта бошанд, террорист номида мешаванд».

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №30 (20363), 20 июли соли равон  хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, суханронии Пешвои миллат бо фаъолони шаҳри Роғун, Фармонҳои Сарвари давлат, инчунин хабару гузориш ва ҷараёни ҳисоботи  вазорату идораҳои мамлакатро дар шашмоҳаи аввали соли равон нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонандагон метавонанд  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  доир ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №28 (1365), чоршанбе, 20 июли соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ховалингро инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Дар ин шумора матолиби таҳлилӣ  зери унвони «Пирӯзии муҳандиси тоҷик», «Ҳадафи наҳзатиён вопасгароист», «Пайомади саратони пӯст бар асари сӯхтан», «Мероси падар хоҳӣ- илми падар омӯз» нашр гардидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд