То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон пурра бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад

Июль 30, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 30.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон пурра ба оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Дар айни замон 67,1 фоизи аҳолии мамлакат бо об таъмин мебошанд, иттилоъ дод муовини аввали Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷурахон Ғаффорзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. 

Дар шаш моҳи соли 2022 барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунанда, фазлаоб (канализатсияҳо)-и шаҳру ноҳия ва деҳоти ҷумҳурӣ сармояи институтҳои ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи чор лоиҳаи амалишаванда ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Инчунин аз ҷониби Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»-и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба миқдори 8 миллиону 244,6 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин гардид. Маблағи ин хизматрасонӣ 4 миллиону 876,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади васеъ намудани ҳудуди хизматрасониҳо ба аҳолии шаҳраку деҳоти мамлакат 20 лоиҳаи дархости сармоягузорӣ ба маблағи 768,9 ҳазор доллари ИМА омода карда шуда, ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд