Умед Бобозода ва Ханна Ву дар Женева масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занонро баррасӣ намуданд

Июль 19, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария 19 июл дар Женева бо намояндаи аршади Бахши хифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Ханна Ву мулоқот  намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Умед Бобозода дар бораи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва масоили зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Дар навбати худ хонум Ву иброз дошт, ки сохторҳои онҳо омодаанд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои занон ва дар маҷмӯъ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамкориро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ  миёни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши занон, ноил гардидани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми А тибқи принсипҳои Париж мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани вохӯриву суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарордорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Июль 19, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд