Умед Бобозода ва Ханна Ву дар Женева масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария 19 июл дар Женева бо намояндаи аршади Бахши хифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон хонум Ханна Ву мулоқот намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Умед Бобозода дар бораи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва масоили зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Дар навбати худ хонум Ву иброз дошт, ки сохторҳои онҳо омодаанд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои занон ва дар маҷмӯъ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамкориро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши занон, ноил гардидани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми А тибқи принсипҳои Париж мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани вохӯриву суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарордорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






