Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода: «Сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст»

Июль 19, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Теъдоди ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷумҳурӣ соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба иллати содир шудани якчанд амалҳои дорои хусусияти терорристӣ ва экстремистӣ дар шарқи Тоҷикистон- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш ёфтааст».

Дар ин бора имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод. 

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2022  Рамазон Раҳимзода афзуд, ки дар маҷмӯъ дар ин давра сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. Имсол дар миқёси кишвар 12 ҳазору 482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2021- 13878) 1396 ҷиноят  кам мебошад.

Зикр гардид, ки дар ин давра  аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар 8 ҳазору 316 ҷиноят ошкор  карда шудааст. Аз ҷумла, 22 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, 64 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 16 ҷинояти таҷовуз ба номус, 8 ҷинояти савдои одамон, 21 ҷинояти роҳзанӣ, 65 ҷинояти ғоратгарӣ 2858 дуздӣ, 1144 ҷинояти қалобӣ, 544 ҷинояти авбошӣ, 20 ҳолати  тамаъҷӯӣ ва 223 ҳолати  ғайриқонунӣ  тайёр кардан, нигоҳ доштан ва  интиқоли воситаҳои  нашъадор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра якчанд ҷиноятҳо, аз ҷумла,  ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ  2858 (соли 2021-  3566), қаллобӣ 1144 (соли 2021-1481), тамаъҷӯӣ 20 (2021-25),  ғайриқонунӣ  тайёр кардан, нигоҳ доштан ва  интиқоли воситаҳои  нашъадор 223 (2021- 257) тамоюли коҳишёбӣ касб намудаанд, ки ин ба тақвияти корҳои пешгирикунанда, тарғибу ташвиқ миёни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва корҳои тарғиботӣ дар ҷомеа марбут аст.

Хамчунин Вазири корҳои дохилии мамлакат афзуд, ки дар ин  давра  зимни гузаронидани   чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои   мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ  1447 нафар ҷинояткорони  дар ҷустуҷӯ қарордошта  муайян ва дастгир  гардиданд.

Соли равон аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилии  кишвар  1 тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ  мусодира гардида, 2605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боздошта шуданд. Бо дахли содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки  ин омор  соли равон 431 ададро ташкил дода, инчунин аз тарафи ҷавонон 1944 ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.

   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид